Иваз намудани баландгўякҳо ба дастгоҳҳои тақвияти овоз дар масҷидҳо
Душанбе, 3 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Минбаъд аз тарафи имомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ истифодаи ғайримақсадноки баландгўякҳо ҳангоми баргузории намозҳои фарзӣ дар пойтахт ҷилавгирӣ карда шуда, истифодаи дастгоҳҳои тақвияти овоз ба роҳ монда мешаванд. Ин раванд аз ҷониби шаҳрдорӣ зимни баргузории ҷаласа, ки таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки аҳли ҷамоатчигӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, институтҳои намояндагӣ ва имомхатибони масҷидои панҷвақта ва ҷомеи шаҳр баргузор шуд, муқаррар гардид. Ҳамзамон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур дода шуд, ки масъалаи насбу истифодаи камераҳои мушоҳидавӣ дар тамоми субъектҳои хоҷагидории шаҳр, аз ҷумла дар масҷидҳо барои таъмини амнияти намозгузорон мавриди омўзишу таҳлил қарор дода шавад. Ин тадбир тибқи муқаррароти қарори марбутаи шаҳрдорӣ андешида мешавад, иттилоъ медиҳад Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе. Инчунин бо дахли ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ бо маҳсулот дар арафаи моҳи шарифи Рамазон зикр шуд, ки аз иқтидори касбии имомхатибон бобати ба адлу инсоф ҳидоят намудани соҳибкорони бозорҳо истифода шавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






