Куштори ваҳшиёнаи генерали КДАМ аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ
Душанбе, 22 июл. (АМИТ «Ховар»). — Тавре ба АМИТ Ховар аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ хабар доданд, рўзи 21 июли соли ҷорӣ, соати 17.30 дақиқа, ҳангоми бозгашт аз сафари хизматӣ аз ноҳияи Ишкошим дар даромадгоҳи шаҳри Хоруғ генерал-майор Назаров Абдулло Саъдуллоевич, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бар асари ҳамлаи ногаҳонии гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ, ки ба қочоқи тамоку сарукор доштанд, ваҳшиёна ба ҳалокат расонида шуд.Ин куштор ба фаъолияти хизматии Назаров Абдулло Саъдуллоевич робитаи мустақим дорад. Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ давом доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






