Мақсади лоиҳа-беҳдошти зиндагии аҳолии деҳот
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева). — Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» дар доираи иҷрои қисмати «Идоракунии устувори чарогоҳҳо, заминҳои кишоварзӣ ва ҷангал» як қатор корҳоро амалӣ намуда истодааст,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ роҳбари Муассисаи давлатии Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» Усмон Сабзов. Аз ҷониби муассиса Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба чарогоҳ» омода гардида, хуҷҷати баҳогузории секторӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. 56 адад намоиш дар самтҳои чорводорӣ, кишти алафҳои хӯроки чорво ва беҳдошти ҳолати ҷангалзор дар минтақаҳои пилотӣ гузаронида шуда, натиҷаҳои хуб ба даст оварда шуд.Зерлоиҳаи «Сохтмони хатти оби нӯшокӣ»-и деҳаи Тахти Алиф дар ҷамоати Чашмасори ноҳияи Файзобод мавриди истифодабарии аҳолӣ қарор дода шуд. Бо ба истифода додани хатти оби нӯшокӣ зиёда аз 1300 нафар бо оби тоза таъмин карда шуданд. Ёдовар мешавем, ки Маркази идоракунии лоиҳаи «Рушди деҳот» бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии рушд соли 2007 оғоз ёфта, мақсади лоиҳа дастгирии соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани истеҳсолоти кишоварзӣ, тақвият додани инфрасохтори маҳал ва дар ин замина беҳтар намудани сатҳи зиндагонии аҳолии деҳот мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






