Мақсади лоиҳа — беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Маркази татбиқи Лоиҳаи тандурустии иҷтимоӣ ва заминавӣ дар соҳаи тандурустӣ ду шартномаи грантӣ-маблағгузории иловагии дуввуми Лоиҳаи тандурустии иҷтимоӣ ва заминавӣ ва шартномаи иҷрои лоиҳаи «Идораи сармоягузориҳо барои таъмини ғизо дар ноҳияҳои камбизоати вилояти Хатлон»-ро татбиқ намуда истодааст.Ин иттилоъро Нурхон Ҳаётов, директори маркази мазкур зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе иброз дошт. Номбурда гуфт: «Мақсади асосии Лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ — беҳтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ, баланд бардоштани иқтидори соҳаи тандурустӣ ва дастгирии ислоҳоти он мебошад. Маркази татбиқи лоиҳа дар раванди Созишномаи маблағгузории иловагии дуввум, ки 3 миллион доллари амрикоиро ташкил менамояд, дар 44 ноҳияи вилоятҳои Хатлон ва Суғд дастгирии ислоҳоти сохторию молиявиро давом дода, дар яке аз ноҳияи дурдасти вилояти Хатлон – ноҳияи Темурмалик барқарор ва сохтмони иншооти тиббӣ ва омӯзиши мутахассисони тибби оилавиро амалӣ намуда истодааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






