Мулоқоти Э. Раҳмон бо Намояндаи махсуси навтаъини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси навтаъини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флор ва ҳамтои собиқи ӯ Пйер Морелро ба ҳузур пазируфт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хонум Флорро бо оғози иҷрои ин вазифаи пурмасъулият табрик гуфта, ба ӯ барору комёбӣ хост ва ба собиқ Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел барои фаъолияти пурсамараш арзи сипос кард. Аз рушди мунтазам ва густариши рӯз ба рӯзи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба натиҷаҳои силсилаи сафарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Парлумону Шӯрои Аврупо ва дигар мулоқоту музокироти мунтазам баҳои баланд дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷараёни татбиқи Созишномаи ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ ва Стратегияи Иттиҳод барои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2007-2013 баҳои мусбӣ дода, изҳор дошт, ки “Тоҷикистон ба таҳия ва қабули Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар минтақа манфиатдор аст”. Дар ин замина густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусии он, тиҷорат ва сармоягузорӣ, бахшҳои мухталифи саноат, гидроэнергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ ва дар таъмини волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон зарур шумурда шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии байналмилалии Тоҷикистон ба бартарафсозии монеаҳои сунъӣ дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд. Баррасии авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистони ҳамсоя ҳам аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. “Вобаста ба Афғонистон ҳадафи аслии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон таъмини сулҳу субот, амният ва истиқрори ҳаёти осоишта дар ин кишвар мебошад ва мо омодаем, ки баҳри расидан ба ин ҳадафҳо ҳамкории созандаро бо шарикони байналмилалии худ идома диҳем”, — изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон. Дар ин робита татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои аҳамияти минтақавӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия амри зарурӣ дониста шуд. Гуфтугӯи созанда, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






