Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Украина

Июль 2, 2012 14:49

Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз дар шаҳри Киев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Украина Виктор Янукович мулоқот намуд.  Зимни сӯҳбат масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Украина баррасӣ гардиданд. Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Виктор Янукович барои даъваташ ҷиҳати тамошои якҷояи бозии ниҳоии чемпионати Аврупо оид ба футбол ва баррасии масоили ҳамкории дуҷониба арзи сипос намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки вохӯриву гуфтушунидҳои дар чаҳорчӯби сафари расмии ӯ ба Украина анҷомгирифта барои таҳкими минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ғайра имрӯз натиҷаҳои амалӣ дода истодаанд. Президенти Тоҷикистон ҳамчунин дар бораи санаи муҳими таърихӣ – 20-солагии барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Украина, ки моҳи апрели ҳамин сол таҷлил гардид, махсус қайд кард. Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, фарҳанг, ифтитоҳи сафорати Украина дар Душанбе, фаъолияти Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Украина табодули назар намуданд. Роҳбари давлати тоҷикон аз кушодани хатсайри ҳавоии байни Украина ва Тоҷикистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ ба амал омад, изҳори қаноатмандӣ кард. Дар бобати бунёди корхонаҳои муштарак, ҷонибҳо чунин бахшҳоро ба монанди сохтмони мошинолоти кишоварзӣ, гидроэнергетика, саноати бофандагӣ, хӯрокворӣ ва коркардро ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номиданд. Тарафҳо ҳамчунин зарурати идома додани тавсеаи пойгоҳи қарордоди-ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла имзои санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон, алоқа ва иттилоотонӣ, телевизион ва радио, таъкид карданд. Ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Украина дар бозии ниҳоии чемпионати Аврупо оид ба футбол, ки шоми дирӯз баргузор гардид, иштирок намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Июль 2, 2012 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
«МегаФон Тоҷикистон» шабакаро ба суръатҳои нави гигабитӣ омода менамояд
Бахшида ба 34-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Пенза ҳамоиш доир шуд
«ИСТИҚЛОЛ-НЕЪМАТИ БЕБАҲО». Дар ин мавзуъ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ доир гардид
Донорҳо аз Бунёди Lives & Livelihoods дастовардҳо дар соҳаи ҳифзи саломатии модар ва кӯдакро дар Тоҷикистон таҷлил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Истиқлоли давлатӣ — асоси хушбахтӣ ва рушди давлатдории миллӣ
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Нақши занони тоҷик дар таҳкими давлатдории миллӣ назаррас аст