Олими ҷавони тоҷик сазовори Ҷоизаи Накасане Ясуҳиро
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Олими ҷавони тоҷик Зубайдулло Убайдуллоеви 38-сола соҳиби Ҷоизаи ба номи Накасанэ Ясуҳиро дар кишвари Ҷопон гардид. Ин хабарро президенти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Маҳмадшо Илолов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон имрӯз иттилоъ дод. Вай афзуд, ки ин ҷоизаи бонуфузро Зубайдулло Убайдуллоев барои рисолаи доктори дар донишгоҳи Тсукубаи Ҷопон дар риштаи сиёсатшиносӣ анҷом додааш насиб гардида, онро собиқ сарвазири Ҷопон ба ӯ супоридааст. Мавриди ёдоварист, ки З. Убайдуллоев хатмкардаи шӯъбаи ҳиндуи факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, донандаи забонҳои ҳиндӣ, урду, англисӣ ва ҷопонӣ мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






