П. Флор: «Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупоро қабул менамоем»
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим)- Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон намояндаи махсуси навтаъйини Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Патрисия Флорро ба ҳузур пазируфт. Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо қаноатмандӣ намуда, изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо минбаъд низ густариш хоҳад ёфт. Президент афзуд, ки ҷониби Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳои худро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодиёт, аз ҷумла бахши хусусии он, тиҷорат ва сармоягузорӣ, бахшҳои мухталифи саноат, гидроэнергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ тавсеа бахшад.
Патрисия Флор низ дар навбати худ иброз дошт, ки таҳкурсии ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мустаҳкам бино шудааст ва он дар самти боз ҳам густурдатар гардидани равобити Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо саҳми намоён хоҳад дошт. Номбурда таъкид намуд, ки мо ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амсоли ин беш аз пеш тақвият дода, ба ин восита робитаҳои худро дар соҳаҳои гуногун густариш хоҳем дод.
Патрисия Флор гуфт, стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ соли оянда ба охир мерасад ва мо омодаем, стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар минтақаро таҳия ва қабул намоем.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






