Таъиноти кадрӣ дар прокуратура ва мақомоти корҳои дохилӣ
Душанбе, 1 июл. (АМИТ «Ховар»). — Дирӯз, 30 июн Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як зумра кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшудаи соҳаҳои прокуратура ва мақомоти корҳои дохилиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Ҳамин тариқ муовини прокурори шаҳри Душанбе, прокурори шаҳру ноҳияҳои Фирдавсӣ, Хуҷанд, Истиқлол, Балҷувон, Данғара, Ҷалолиддини Румӣ, прокурори ҳарбии гарнизони Суғд, сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Нуробод, Истиқлол ва роҳбарони чанд сохтори дигар иваз карда шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба мушкилоти вобаста ба ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, коррупсия, тамаъҷӯӣ, заминфурӯшӣ ва ғайра ҷалб намуда, онҳоро ба садоқату фидокорӣ нисбати ватану ватандорӣ, ҳифзи оромию субот, манфиатҳои мардуми заҳматкаш, адолати иҷтимоӣ ва ба муборизаи беамон бо унсурҳои ҷиноию қонуншикан ҳидоят намуд. Таъкид гардид, ки бо мардум муомилаю муоширати хуб дошта бошанд, зеро иззату эҳтиром ва боварию эътимоди аҳолӣ ва ҳамкорӣ бо онҳо омили муҳими пешрафти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






