Таъиноти кадрӣ дар соҳаи маориф ва Гвардияи миллӣ
Душанбе, 07 июл. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маорифи кишвар ва Гвардияи миллиро, ки ба вазифаҳои нав пешниҳод шудаанд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаб интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ”, Директори Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” дар шаҳри Душанбе, Сардори Маркази тайёрии кадрҳо, Командири Бригадаи махсуси комендантӣ ва Сардори Раёсати кор бо ҳайати шахсӣ ва кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин гардиданд.
Қобили таъкид аст, ки Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе аз ду бинои таълимӣ барои 1100 ҷойи нишаст, ду бинои хобгоҳ барои 820 ҷой, як бинои истиқоматии хизматии 28 ҳуҷрадор барои муаллимон, ошхона, толори маҷлисгоҳ, ду толори варзишӣ, варзишгоҳ, бинои дегхона, ҳаммом, ва зеристгоҳи барқӣ иборат аст.
Дар биноҳои таълимӣ 84 синфхона, 2 китобхона, 9 синфхонаи компютерӣ, 7 кабинети лингофонӣ, 4 озмоишгоҳи химиявӣ, 5 озмоишгоҳи физика, 3 озмоишгоҳи биология, 11 кабинети лексионӣ, 2 толори маҷлисгоҳ, 1 кабинети нақшакашӣ ва дигар кабинетҳои таълимӣ ва ёрирасон пешбинӣ г
Тибқи оиннома таҳсил дар муассисаи таълимии номбурда ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ сурат мегирад. Дар муассисаи мазкур таҳсил аз рӯи нақша, барнома ва китобҳои дарсии Донишгоҳи Оксфорди Англия ба роҳ монда мешавад.
Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои навтаъиншударо ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, таълиму тарбияи кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаву касбӣ ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






