Таваҷҷӯҳ ба рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 6 июл. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масъалаи таҳрезии лоиҳаи рушди таҳсилоти касбӣ-техникӣ имрӯз миёни раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва намояндагони Бонки исломии рушд (БИР) дар ҳайати Абдумаҷид Моалин Абдуллаҳӣ — Департаменти рушди инсонии БИР, Умар Муҳаммад – мутахассиси лоиҳаҳои БИР ва Нуплан Самбиев аз Дафтари минтақавии БИР дар Алмато мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.Д. Саидов зикр дошт, ки рушди нерўи инсонӣ тавассути баланд намудани дараҷаи таҳсилоти касбии онҳо яке аз масъалаҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон мебошад, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд намудани сатҳи зиндагии мардуми кишвар нигаронида шудааст. Дар натиҷа тарафҳо ҷиҳати ҳамкории муштарак изҳори омодагӣ намуда, таъмини мулоқоти навбатиро барои баррасӣ ва тасдиқи натиҷаҳои масъалаҳои гузошташуда иброз карданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






