Вакилон дар моҳи Рамазон саховатмандӣ менамоянд

Июль 13, 2012 10:21

Душанбе, 13 июл.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).- Вакилони пойтахт иқдом намуданд, ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки дар пойтахт зиндагӣ менамоянд ба аёдати онҳо рафта, кўмаки якдафъаинаи моддӣ мерасонанд. Матлаби мазкур дар ҷараёни иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ки 12 июл таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор шуд, зикр гардид.
Дар иҷлосия инчунин дар асоси Қарорҳои марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе гузаргоҳи якуми кўчаи Пионерскаяи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шўравӣ Ҳанифа Мавлонова, кўчаҳои Привокзалнаяи ноҳияи Шоҳмансур ва кўчаи 9 январи ноҳияи Сино ба номи шоирони халқии Тоҷикистон Қутбӣ Киром ва Сафармуҳаммад Айюбӣ номгузорӣ карда шуданд. Инчунин аз ҷониби вакилони шаҳрӣ «Барномаи дастгирии давлатии рушди соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2012-2014» ва «Барномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013» тасдиқ гардиданд. Тибқи котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, ҷиҳати ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ дар моҳи шарифи Рамазон вакилони Маҷлиси шаҳрӣ “Дар бораи таъмини тадбирҳои амалии пешгирии болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар моҳи шарифи Рамазон дар шаҳри Душанбе” қарор қабул намуданд.

Июль 13, 2012 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ
Ба 10 зани ҳунарманд ва соҳибкори шаҳри Бӯстон гранти раиси шаҳр тақдим карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе бориши борон ва барф дар назар аст
Оид ба рушди ҳунармандӣ ва истифода аз грантҳои президентӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Доир ба нақши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар омӯзиши забонҳои чинӣ ва кореягӣ конфронс доир шуд
Дар вилояти Суғд ғолибони озмунҳо қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Ҳисор маъракаи азнавбақайдгирии нафақагирон идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Паёми Президенти Тоҷикистон дар ташаккули қонунгузории миллӣ нақши марказӣ дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст