ВКД ҶТ: «Пахши ахбори нодуруст зиёновар аст»
Душанбе, 2 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Маркази матбуоти ВКД оиди ба табъ расидани хабари расонаҳо вобаста ба мавриди тафтиш қарор гирифтани автомашинаҳои тамғаи «Мерседес» аз тарафи кормандони БДА , ки ба куштори директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Х. Сафаров алоқаманд арзёбӣ гардидааст, иттилоъ медиҳад, ки пахши ҳар гуна хабару маълумоти нодуруст сабаби монеъ гардидан ва халалдор намудан ба ҳалли дурусти масъала ва нофаҳмиҳо дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ мегардад.Чунин ҳолатҳои пахш намудани ахборот аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки боиси монеъгии тафтишот мешавад, дар вақтҳои охир ба чашм мерасанд. Аз масъулини расонаҳои хабарӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири халалдор накардани рафти тафтишот, ки сирри хизматӣ мебошад, аз пахши ахбороти нодуруст ва носаҳеҳ худдорӣ кунанд. Маркази матбуоти ВКД тасмим гирифтааст, ки мунтазам ахбори дақиқро вобаста ба кушодани ҷиноятҳо ҳатман тавассути сайти ВКД пешниҳод намояд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






