Вохӯрии вакилон бо роҳбарони ҷамъияти тоҷикистониён
Душанбе, 9 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Чанде пеш дар ҳошияи сафари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёев Сайфулло, Маҳмудов Насрулло, Баракатулло Атохоҷа ва Иномов Абдузафар ба ш. Брюссел, вохӯрии онҳо бо роҳбарияти Ҷамъияти тоҷикистониёни Белгия, Нидерланд ва Люксембург Толия Тоирова ва Зафар Самадов, инчунин бо роҳбари Маркази фарҳангии тоҷикон, профессор Александре Тоуроветс баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти Ҷамъияти тоҷикистониёни Белгия, Нидерланд ва Люксембург ва Маркази фарҳангии тоҷикон дар Белгия шинос шуданд. Ҳаёт, таҳсил, фаъолияти кории ҳамватанон ва нақшаҳои Маркази фарҳангии тоҷикон дар таҳкими робитаҳои фарҳангию маорифӣ бо сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар маркази диққат қарор гирифта буд. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳими сохторҳои ҷамъиятии зикршударо дар ташаккул додани симои мусбии Тоҷикистон дар маркази Иттиҳоди Аврупо таъкид сохтанд ва дастгирӣ ва омодагии худро ҷиҳати амалӣ гаридани нақшаҳои созандаи Ҷамъияти тоҷикистониёни Белгия, Нидерланд ва Люксембург ва Маркази фарҳангии тоҷикон баён намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






