Ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи лоиҳаи «Ҳамкориҳои минтақавӣ ва таҳкими боварӣ дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон» бо иштироки мутахассисони Вазорат ва намояндагони вазорату идораҳои соҳавӣ доир ба масъалаҳои савдои хориҷӣ ва нақши роҳҳои нақлиётӣ дар рушди савдои минтақавӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар кори семинар масъулини лоиҳаи мазкур- корманди калони илмӣ ва ҳамоҳангсози лоиҳа аз Донишкадаи идораи давлатӣ ва сиёсати Донишгоҳи Осиёи Марказӣ Р.Могилевский дар мавзӯи «Тамойюлоти савдои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ» ва корманди калони илмии ҳамин донишкада Ш.Асадов таҳти унвони ба «Роҳравҳои нақлиётии Тоҷикистон ва иқтидори онҳо барои рушди савдои минтақавӣ» маърӯза намуданд. Дар атрофии мавзӯъҳое, ки мавриди баҳс қарор гирифтанд, байни иштирокдорони семинар ва маърӯзачиён суолу ҷавоб ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






