Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва ҶФО
Душанбе, 28 август (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Чанде пеш муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова ва соҳибкорони Ҷумҳурии Федералии Олмон масъалаҳои ҳамкории имконпазири тиҷоратию иқтисодии ҷонибайнро мавриди муҳокима қарор доданд. Тавре ки аз маркази матбуоти Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Лариса Кислякова ба меҳмонон аз фаъолияти Палатаи савдо ва саноат ва мақсаду вазифаҳои он барои ҷалби сармоягузорон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, перомуни намоишгоҳҳо ва ҷамъомадҳои аҳли тиҷорати кишвар, вазъи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ғайра нақл кард. Намояндагони ширкатҳои Ҷумҳурии Федералии Олмон дар навбати худ ҳозиринро бо имкониятҳои худ шинос намуда, зикр намуданд, ки ҷонибдори рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон мебошанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






