Ҳ. Зарифӣ: «Тоҷикистон фоҷиаи мусалмонони Мянмарро қотеъона маҳкум мекунад»
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 13 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ нишасти ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Хамкории Исломӣ доир гашт. Дар нишаст ҳайати ҶТ таҳти сарварии вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳ. Зарифӣ ширкат намуд. Зимни суханронии худ вазир дар баёни масоили мавриди баррасӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро иброз дошт: «ҶТ дар мавзӯи ҷавҳарии олами исломӣ мавқеъи Фаластинро комилан дастгирӣ менамояд ва фоҷиаи мусалмонони Мянмарро қотеъона маҳкум мекунад». Роҷеъ ба мавзӯи Сурия ҷониби Тоҷикистон таъкид дошт, ки бӯҳрони Сурия бояд бе дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии ин кишвар аз ҷониби мардуми Сурия ҳалли худро пайдо намояд. Намояндаи баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуд, ки нақшаи тарҳрезишудаи намояндаи собиқи муншии Созмони Милали Муттаҳид ва Лигаи давлатҳои араб дар масоили Сурия Кофе Анонро нахустқадам барои ҳалли қазияи ин кишвар медонад ва дар ин раванд ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамояд, то ҷонибҳои даргири низоъро ба ин иқдом водор намоянд ва кафолати ҳаёти ҳар як шаҳрванди Сурия таъмин карда шавад. Ёдовар мешавем, ки нишасти ғайринавбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Макка ду рӯз идома меёбад ва дар ин нишаст Президенти Чумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар иттилоъ доданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






