Бригадаи десантии зарбавии Қӯшунҳои ВМ ҶТ 15-сола шуд
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Ба таъсиси Бригадаи десантии зарбавии Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 сол пур шуд. Дар маросими ин чорабинии тантанавӣ, ки дар пойгоҳи қисми низомии десантӣ баргузор шуд, намояндагони масъули Вазорати мудофиаи кишвар, собиқадорони ҷанг ва ҷанговарони интернатсионалист, намояндагони низомии кишварҳои хориҷи дуру наздик, модарону пайвандони сарбозон ва афсарону хизматчиёни ин Қӯшун ҷамъ омаданд. Сарбозони бригада дар ҳузури меҳмонон таҳти нидои фармондеҳон силсиламашқҳои ҳарбиро, ки аз бархӯрд бо террористон ва озоднамоии гаравгонон, гузаштани монеаҳо ва маҳви террористон, муҳорибаҳои тан ба тан аз усули шарқӣ ва дар ҷаҳиш бо парашют иборат буданд, намоиш доданд. Дар қисмати расмии ҷамъомади идона намояндагони Вазорати мудофиа, раёсати Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳ сухан гуфта, Бригадаи десантии зарбавии Қӯшунҳои зудамали ҚМ ҶТ-ро аз шохаҳои асосии мудофиавии Қувваҳои мусаллаҳ арзёбӣ карда, нақши афсарону сарбозони онро дар таҳкими амнияти дохилӣ муҳим арзёбӣ қарданд, зеро иҷрои вазифаҳои душвори ҷангӣ ва амалиёти махсусан муҳим ва ҳамоно мураккаб танҳо бар дӯши хизматчиёни ин бригада вогузор шудааст. Дар қисмати навбатии чорабинӣ фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармони фармондеҳи Қӯшунҳои зудамал барои ҳайати шахсии Бригада қироат шуда, бахшида ба рӯзи таъсиси Бригада ба сарбозон ва афсарон ифтихорнома, медалҳои ҷашнӣ ва мукофотҳои арзанда тақдим карда шуд. Дар ниҳоят гузашти тантанавии ҳайати Бригадаи ҳамлаовари десантии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба чорабинии тантанавӣ ҳусни анҷом бахшид. Бояд иттилоъ дод, ки Бригадаи десантии зарбазан дар соли 1997 дар заминаи баталёни десантии зарбавӣ таъсис ёфта, он яке аз нерӯҳои эҳтиётии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ ба шумор меравад, зеро иҷрои вазифаҳои душвор ва амалиёти махсусан вазнин бар дӯши онҳо вогузор шудааст. Ҳамзамон ҷузъу томҳои Бригадаи десантии ҳамлаовари Қӯшунҳои зудамал ба ҳайати Қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қувваҳои муштараки вокуниши фаврии ОДКБ шомил мебошанд ва ҳайати шахсии он пайваста дар машқҳои муштараки васеи созмони мазкур ширкат менамояд. Бригада то ин замон аз ҷониби коршиносони минтақавию байналмиллалии соҳаи низомӣ баҳои баланд гирифтааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






