Истеҳсоли мех дар КВД «Садаф»
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). — Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади истифодаи самараноки иқтидорҳои ғайрифаъоли корхонаҳои саноатӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотӣ дар дохили кишвар, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти арзони истеҳсоли ватанӣ мунтазам тадбир меандешад. Барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дар нимсолаи якуми соли 2012 дар заминаи иқтидорҳои КВД «Садаф»-и Вазорати энергетика ва саноати ҶТ истеҳсоли мехи сохтмонӣ роҳандозӣ шуд. Иқтидори лоиҳавии истеҳсолии коргоҳи мазкур ба 50 тонна мехи сохтмонӣ дар як моҳ баробар мебошад. Хатти технологӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ворид гардида, маблағи он 100 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар коргоҳ мехҳои андозаашон гуногун истеҳсол гардида, нархи онҳо назар ба маҳсулоти ҳаммонанди воридотӣ арзонтар мебошад ва яке аз сабабҳои асосӣ дар он аст, ки ашёи хом, яъне сими металлӣ аз худи корхона дастрас карда мешавад. Дар коргоҳ шумораи кормандон ба 15 нафар расида, маоши миёнаи онҳо 900-1000 сомониро ташкил медиҳад. Соли 2008 КВД «Садаф» дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Ванда»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар коргоҳи сохтмонаш нотамоми галваникаи корхона коргоҳи истеҳсоли арматураи сохтмонӣ ва сими металлиро аз пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ба роҳ монд ва он то имрӯз фаъолият дорад.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи Вазорати энергетика ва саноат итттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






