Коҳиши бемориҳои сироятӣ дар ҷумҳурӣ

Август 27, 2012 08:54

Душанбе, 27 август.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли ҷорӣ ба бемориҳои сирояткунандаи ҷудогона гирифтор шудани аҳолӣ коҳиш ёфтааст. Асосан дар соли ҷорӣ бемориҳои сирояткунандаи шадиди рӯда бештар ба қайд гирифта шудааст, ки он 56, 6 фоизи ин бемориҳоро ташкил медиҳад.Ба иттилои манбаъ, дар 7 моҳи соли ҷорӣ шумораи умумии гирифторони бемории шадиди рӯда 26 ҳазору 18 нафар, аз ҷумла беморони ба истиҳоли хунини бактериалӣ гирифтор 367 нафар ва беморони гирифтори касалии сироятии домана 37 нафарро ташкил дод, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2011-ум 19,6 фоиз кам аст. Дар 7 моҳи соли ҷорӣ бо сабабҳои гуногун теъдоди гирифторони гепатити (бемории ҷигар) шадиди сироятии «А» ба 4 ҳазору 187 нафар расид, ки 3532 нафари онро беморони гепатити «А», 190 нафари онро беморони гепатити «В», 40 нафар ба бемории гепатити «С» ва 40 нафар гирифтори бемории гепатити музмин гардиданд. Дар ин муддат ҳамчунин 2788 нафар ба бемориҳои «носозгориҳои иҷтимоӣ» ва 26 ҳазору 888 ҳодисаи ба бемориҳои паразиторӣ (лямблиоз, аскаридоз, энтерибиоз, геминолепидоз) гирифтор шудани аҳолӣ ба қайд гирифта шудааст.

Август 27, 2012 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад