Мактаби Нимич таъмири пурра шуд

Август 7, 2012 15:10

Рашт, 7 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова). – Тавре ки раиси ҷамоати Ҷафри ноҳияи Рашт Абдураззоқ Саломов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар деҳаи Нимичи ноҳия бо маблағи 100 ҳазор сомонии падару модарон ва дастгирии раиси ноҳия мактаби калони деҳа пурра аз таъмир бароварда шуд. Рӯзи 8 – уми август ин мактаб бо таҷҳизоти замонавӣ дар ҳолати тантанавӣ ба кормандони шӯъбаи маориф супорида мешавад.

Август 7, 2012 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш