Масъалаҳои экологии фасли тирамоҳ
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Шералӣ Муртазоев, мутахассиси шўъбаи назорати истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфера ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт: дар фасли тирамоҳ дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ ҳамасола як мушкилӣ ба пеш меояд: барги хазони дарахтон ва растаниҳои хушкшударо куҷо бояд кард?. Ин мушкилиро аксари шаҳрвандон ва корхонаю муассисаҳо танҳо бо роҳи ҷамъ кардан ва сўзонидани он ҳал карданӣ мешаванд. Аз ин ҷост, ки дар маҳалҳои аҳолинишин ин амал бештар мушоҳида мегардад. Вале аксари шаҳрвандон намедонанд, ки сўзонидани хазон ва партовҳо тибқи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист манъ аст. Аммо на ҳамаи шаҳрвандон ба ҷиддияти ин масъала таваҷҷўҳ зоҳир менамоянд.Савол ба миён меояд, ки чаро хазон ва растаниҳои хушкшударо сӯзонидан мункин нест? Сўзонидани хазон ва растаниҳои хушкшуда ба саломатӣ бисёр ҳам зиёновар аст. Ҳангоми сўзонидани як тонна боқимондаи растанӣ ба ҳавои атмосфера 9 кг дуда партов мегардад, ки дар таркибаш моддаҳои зараровар, ба мисли оксиди нитроген, гази карбон, металлҳои вазнин ва як қатор пайвастагиҳои консерогенӣ, аз ҷумла, диоксинҳо, фуранҳо ва дигар пайвастагиҳои устувори органикӣ мавҷуд аст. Дар натиҷаи дарунсўз шудани баргҳо ва норасоии ҳаво дар ҷараёни сўзиш боз моддаи барои инсон ва муҳити атроф бисёр ҳам хатарнок — бензапирен ба ҳавои атмосфера ихроҷ мегардад. Маълум аст, ки баргҳои дарахтон полоиши табиии ҳаворо таъмин менамоянд ва дар давоми ҳаёти худ онҳо бисёр намуди моддаҳои ифлоскунандаи дар натиҷаи фаъолияти инсон ба ҳавои атмосфера ихроҷ мегардидаро, ки ба ҳаёти инсон хатарнок мебошанд, аз ҷумла моддаҳои аз воситаҳои нақлиёт ихроҷ мешударо низ полидаю ба худ фурў мебаранд. Моддаҳои токсикии дар давраи баҳору тобистон дар баргҳо ҷамъшуда ҳангоми сўзондани онҳо боз ба муҳити атроф паҳн гашта, бо роҳи нафас ба организми инсон ворид мегарданд. Аз нуқтаи назари олимон 70% моддаҳои дар баргҳои дарахтон ҷамъ шуда ҳангоми сўзонидан аз нав озод гашта, ба муҳити атроф паҳн мегарданд, ки онҳо асосан барои аҳолӣ, алалхусус шахсони ба бемориҳои зиққи нафас ва дигар бемориҳои шуш дучор гардида хатари ҷиддӣ доранд. Қазияи дигар- сўзонидани партовҳои сахти маишӣ ва маводи органикии сохтмонӣ мебошад. Ҳангоми сўхтани маводи полиэтиленӣ ба ҳавои атмосфера то 70 намуди пайвастагиҳои кимиёвӣ ҷудо мешавад. Бисёре аз ин пайвастагиҳо заҳрнок мебошанд ва ба салоаматии инсон зиён оварда, сабаби хориши гулў ва пайдоиши сулфа мегарданд. Дуди ѓафси сиёҳи ҷисмҳои пластикии сўзонидашуда дар таркиби худ карбогидридҳои полисиклии консерагенӣ дорад. Барои пешгирии чунин амалҳои номатлуб шаҳрвандон бояд маърифати экологии баланд дошта бошанд ва донишу малакаи худро дар маъракаю ҷамъомадҳо ба хурдсолону ҳамсояҳо расонанд. Дар маҳалҳо, дар ҷойҳои аҳолинишин, аз иншооти сохтмонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ партовҳо бояд дар ҷойҳои махсус ҷамъ гарданд ва бо тартиби муқаррар гардида ба ҷойҳои махсус бароварда шаванд. Ба ин кор шахсони махсус, ки барои ҳифзи муҳити зист ва бехатарии техникӣ дар корхона ҷавобгў мебошанд, масъулият доранд.Тибқи моддаи 231-и Кодекс барои риоя накардани қоидаҳои андухтани партовҳои саноатӣ ва маишӣ, риоя накардани талаботи ҳифзи муҳити зист ҳангоми андухтан ва сўзонидани партовҳои саноатӣ ва маишӣ, ҳамчунин дар ҳавои кушод сўзонидани маводи сўзанда ва масолеҳи бинокорӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ва дигар корҳо, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз як то се, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин мешавад. Тибқи моддаи 241-и Кодекси мазкур барои заҳролуд намудани муҳити зист ва дар натиҷаи он расонидани зарар ба саломатии инсон, олами ҳайвоноту наботот ва хоҷагии халқ, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз понздаҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин мешавад. Шаҳрвандонро мебояд бо риояи талаботи қонунгузории ҷорӣ барои солимии муҳити зист саҳмгузор бошанд. Риояи талаботи қонунҳо мо ва насли ояндаро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб эмин хоҳад дошт. Ҷомеаи солим фарди солимро тарбия менамояд. Дар навбати худ ҳар фард бо амалҳои худ ба солимии ҷомеа саҳмгузор мебошад.