Мулоқоти «Созандагони Ватан» бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Август 29, 2012 13:46

Душанбе, 28 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дар асоси барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз моҳи майи соли равон силсиламулоқоти намояндагони ҳизби мазкур бо муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Федератсияи Русия фаъолият доранд, идома дорад. То имрӯз роҳбарон ва масъулини ҳизбии шаҳру ноҳияҳо дар кишварҳои Краснодар, Сочи, Севастопол, Екатеринбург, Свердловск, Челябинск, Қазон, шаҳру вилояти Маскав ва дигар минтақаҳои Федератсияи Русия сафар карда, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуда, бо шароити будубош ва мушкилоти мавҷудаи онҳо шинос гардиданд.Ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ 28 августи соли ҷорӣ бо супориши роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон намояндагони қаноти ҷавонони ҳизб – ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон- «Созандагони Ватан» вориди кишвари Сибири Федератсияи Русия гардиданд, ки ба гурӯҳ раиси ташкилоти мазкур, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Адҳам Мирсаидов ва ҳуқуқшиноси дастгоҳи кумитаи мазкур, узви Шӯрои марказии «Созандагони Ватан» Абдулло Нуров шомиланд.Тавре ки аз шаҳри Красноярск раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Адҳам Мирсаидов ба мо хабар дод, ҳадафи сафари корӣ ба муҳоҷирон расонидани маълумот оид ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъват ба муттаҳидиву саҳмгузорӣ ба пешрафту созандагии Ватан, эмин будан аз тамоюли шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, мусоидат барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсии муҳоҷирон, аз наздик шинос шудан бо мушкилоти мавҷудаи онҳо нигаронида шуда ва он то 8 сентябр идома меёбад. Дар ин муддат анҷоми мулоқот бо муҳоҷирони меҳнатӣ, махсусан муҳоҷирони ҷавони шаҳрҳои Красноярск, Иркутск ва Новосибирск дар назар аст.Ба гурӯҳи корӣ роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Муҳаммадӣ Давлатов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони вилояти Новосибирск- «Дӯстӣ» Сияршоҳ Абдуҷабборов ва роҳбарони ҷамъияти тоҷикони минтақаҳои мазкур ҳамкорӣ ва мусоидат менамоянд.

Август 29, 2012 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд