Омӯзгорони қирғиз забони давлатӣ меомӯзанд
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- 14 нафар омӯзгори макотиби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Мурғоб барои такмили забони давлатӣ ва методикаи умумии таълими забон ба омӯзиш фаро хонда шуданд.Ба гуфтаи Шоҳзода Саидиброҳимов, мушовири забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи такмили маълумоти касбии омӯзгории вилоят ҳадафи асосии баргузории чунин омӯзиш ба инкишофи забони давлатӣ ва тарзи дурусти истифодаи забон барои коргузориҳои расмию ғайрасмӣ равона шудааст. Маводи таълими омӯзишӣ дар шакли китоб дастараси ҳамаи омӯзгорон ва иштирокдорон карда шуд. Соли чорум аст, ки дар таътили тобистона чунин омӯзиш дар асоси фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қирғизтаборони ноҳияи Мурғоб роҳандозӣ мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






