Садама дар шабакаҳои барқии Ҳиндустон
Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар пойтахти Ҳиндустон- шаҳри Деҳлӣ зиёда аз 300 миллион сокини кишвар ба сабаби рух додани садама дар шабакаҳои барқ аз истифодаи нерўи барқ маҳрум гаштанд. Дар шаҳр метро ва дигар нақлиёти барқӣ аз фаъолият бозмонданд. Фаъолияти корхонаю муассисаҳои саноатӣ қатъ гардида, коргарон бо мушкилии зиёд ба ҷойи кор ҳозир мешаванд. Фурўзонакҳои роҳҳои мошингард аз сабаби набудани барқ хомўш карда шудаанд. Ин ҳолат ба ҳаракати мўътадили воситаҳои наклиёт мушкилӣ пеш меорад. Ба гуфти котиби матбуоти Вазорати энергияи Ҷумҳурии Ҳиндустон чунин садамаи азим дар шабакаҳои барқӣ ва тақсимоти нерўгоҳҳои барқӣ дар Ҳиндустон давоми 10 соли охир бори аввал мушоҳида мешавад. Тўфони шадид дар Маҷористон Душанбе, 1 август . (АМИТ «Ховар»).-Дар Ҷумҳурии Маҷористон тўфони шадид ба амал омад. Бар асари вазидани шамол бо суръати баланд ва бориши борони пай дар пай дар баъзе минтақаҳо дарахтон решакан шуда, биноҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар қисман харобу валангор шуданд. Дар Литва дар натиҷаи номусоидии боду ҳаво, бориши зиёд ва бо суръати баланд вазидани шамол 12 нафар сокини минтақа зарар дида, дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд. Бар асари тўфони ниҳоят вазнин дар Литва 3 минтақаи истироҳатӣ пурра хароб гардид. Боздошти маводи мухаддир дар Австралия Душанбе, 1 август. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Австралия кормандони мақомоти полис миқдори зиёди маводи мухаддирро дарёфт намудаанд. Ҳаҷми ин маводи марговар 558 килограммро ташкил медиҳад ва дар бозори сиёҳ он ним миллиард доллари Австралия ё 525 милион доллари ИМА арзиш дорад. Ҷинояткорон маводи мухаддирро аз тариқи киштии боркашон ба Австралия интиқол доданӣ буданд. Аммо аз кадом давлат интиқол ёфтани он то ҳанўз муайян карда нашудааст.Дар натиҷаи гузаронидани кофтукови тафтишоти профилактикӣ кормандони полис 7 нафар узви гурўҳи ҷинояткорро дастгир намуданд, ки 3 нафарашон шаҳрвандони Австралия ва 4 каси дигар сокини шаҳри Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Дар сурати исбот шудани гуноҳ онҳоро як умр аз озодӣ маҳрум менамоянд.Мақомоти қудратии Австралия аз интиқоли ин гуна маводи сахттаъсири мухаддир изҳори нигаронӣ менамоянд. Тарҷумаи Иброҳими Ҳабибуллоҳ








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






