Шурӯи давраи омӯзишии ҳифзи мероси ғайрифарҳангӣ дар Душанбе

Август 23, 2012 16:54

Душанбе, 23 август. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Рӯҳуллоҳ). — Аз 21 то 25 августи соли равон дар шаҳри Душанбе як давраи омӯзишӣ барои кормандони соҳаи фарҳанг таҳти унвони «Устуворсозии нерӯи миллӣ оид ба иҷрои Конвенсияи ҳифзи мероси ғайрифарҳангӣ» оғоз гардида, феълан ҷараён дорад. Тавре ки хабар дода мешавад, омӯзиши панҷрӯза аз ҷониби комиссияи ЮНЕСКО дар Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯи кор омадааст. Маврид ба зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш Фароғат Азизӣ, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон ва котиби масъули Комиссияи миллии ҶТ оид ба корҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон Шаҳло Абдураҳимова ширкат доштанд.  Мақсад аз баргузории давраи омӯзишӣ беҳтар намудани шароити нигаҳдории мероси ғайрифарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ ва татбиқи он дар сатҳи миллӣ унвон мешавад. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Норвегия ва Бунёди мероси ғайрифарҳангӣ маблағгузорӣ мешавад. Тавре ки мутахассис оид ба масъалаҳои фарҳангӣ, Бюрои ЮНЕСКО оид ба Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Юрий Пешков зикр кард, лоиҳа барои васеъ намудани дарки консепсияҳо ва механизмҳои татбиқи Конвенсияҳо дар сатҳи миллӣ, таҳияи номгӯи мероси маънавӣ, ҷалби унсурҳои мероси маънавӣ дар рӯйхати Конвенсияҳо ва таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалӣ равона шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки Конвенсияи ҳифзи мероси ғайрифарҳанги соли 2003 аз ҷониби Конфронси генералии ЮНЕСКО қабул шудааст ва феълан дар Осиёи Марказӣ аз ҷониби Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистону Ӯзбекистон эътироф шудааст.

Август 23, 2012 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад