Таҳқиқоти олимони Пажӯҳишгоҳи байторӣ
Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Корҳои илмию таҳқиқотии олимони Пажӯҳишгоҳи байтории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташхиси саривақтӣ, тафриқавӣ, табобат ва пешгирии касалиҳои сироятӣ дар хоҷагиҳои чорводории «Баракат» ва «Ватан»-и ноҳияи Ҳисор, ҶДММ «Шарифзода»-и ноҳияи Файзобод, хоҷагии паррандапарварии «Тарз»-и ноҳияи Ваҳдат идома дорад,-иброз дошт саркотиби илмии Академия Давлатҷон Комилзода ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба иттилои манбаъ, гурӯҳи дигари олимони байтории Пажӯҳишгоҳ ба корҳои таҳқиқотӣ дар хоҷагиҳои чорводории ноҳияҳои Мӯъминобод, Данғара, Турсунзода, Шаҳринав, Ваҳдат, Рӯдакӣ ва хоҷагии Ҷамъияти саҳомии «Занбӯриасалпарварӣ» ва хоҷагии «Тухмипарварӣ»-и ноҳияи Файзобод фаъолияти илмии худро идома мебахшанд. Соли ҷорӣ аз тарафи олимони пажӯҳишгоҳи мазкур барои гирифтани патент оид ба доруи «бромезин» ба Маркази миллии патенту иттилот (ММПИ) дархост пешниҳод гардидааст,- афзуд Д.Комилзода.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






