Табрикоти идонаи Э. Раҳмон ба сарварони мамолики мусулмонӣ ва табрикоти онҳо ба унвони Президент ва мардуми Тоҷикистон
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар»). — Ба муносибати фаро расидани иди саиди Фитр аз номи Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони сарварони мамолики мусулмонӣ аз Шарқи дуру наздик, кишварҳои олами арабу Африқо, давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигарон номаҳои табрикӣ ирсол гардиданд.
Дар онҳо зимни табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтарин ба роҳбарият ва мардуми ин кишварҳо барояшон таманнои сулҳу субот ва комёбиву дастовардҳо зикр гардидааст.Ҳамзамон ба ин муносибат ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи сарварони кишварҳои дунё — Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Ҷумҳурии Тунис, Давлати Фаластин, Ҷумҳурии Ироқ ва дигарон, номаҳои табрикӣ расиданд.Вуруди барқияҳои шодбош ба унвонии Президенти мамлакат давом доранд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






