Ташкили низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар Тоҷикистон
Душанбе, 16 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода бо Директори кишварии Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Норимаса Шимомура ва мушовири байналмилалии Барномаи рушди СММ дар ҶТ Келли Чарлз доир гардид. Ш. Раҳимзода аз ҳамкориҳои самарабахши соҳа миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои бонуфузи СММ, аз ҷумла Барномаи рушд изҳори қаноатмандӣ намуд. Н. Шимомура аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили Низоми мониторинг ва огоҳкунии қаблӣ дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






