Таваҷҷӯҳ ба густариши равобити иқтисодӣ
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Масоили марбут ба соҳаҳои энергетика, саноат, сайёҳӣ, саноати истихроҷи маъдан, минтақаҳои озоди иқтисодӣ 10 августи соли равон зимни мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Давлатзод бо Сафири Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Николае Уреке муҳокима ва баррасӣ гардид. Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки Умед Давлатзод дар рафти мулоқот ба меҳмонон оид ба вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба маълумот дода, самтҳои афзалиятноки онро махсус зикр намуд. Дар навбати худ Николае Уреке иброз дошт, ки дар фаъолияти худ ҳамчун Сафири Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодии мутақобилан судманд талош хоҳад кард.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






