Таваҷҷўҳи сайёҳони хориҷӣ меафзояд

Август 28, 2012 15:18

Душанбе, 28 август. ( АМИТ «Ховар»,  Назир Назиров).- Солҳои охир мамнўъгоҳи давлатии табиии «Зоркул», воқеъ дар ноҳияи Мурғоб таваҷҷўҳи сайёҳон ва шикорчиёни хориҷиро беш аз пеш ба худ ҷалб менамояд. Ин бесабаб нест. Зеро воҳаю манзараҳои табиии нотакрор ва олами ҳайвоноту набототи нодири ин ҷо ба кас ҳаловату фараҳ мебарад. Мамнўгоҳи давлатӣ аз ҷумлаи муассисаҳои давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи буда, дар баландии зиёда аз 4000 м аз сатҳи баҳр қарор дорад ва масоҳати умумии он 87 ҳазору 700 гектар буда, аз он 10 ҳазор гектарашро кўлҳо ташкил медиҳанд. Вазифаҳои асосии мамнўъгоҳ аз ҳифзи гуногунии биологӣ бо роҳи нигоҳ доштани тамоми комплекси табиии мамнўъгоҳ, пешбурди мониторинги биологӣ, гузаронидани тадқиқоти илмӣ иборат мебошад. — Олами ҳайвоноти мамнўъгоҳ, — мегўяд сардори мамнўъгоҳ Шоназар Гулаёзов, гуногун ва рангин аст. Дар ин ҷо намудҳои мухталифи ҳайвоноти ваҳшӣ — паланги барфӣ, хирси бўр, гусфанди Марко Поло, бузи кўҳии сибирӣ, сияҳгўш, саги обӣ, харгўш, суғури сурхи думдароз, гург, рўбоҳро вохўрдан мумкин аст, ки сукунати доимӣ ва кўчӣ доранд. Паланги барфӣ, хирси бўр, гурги сурх ва гўсфанди Марко Поло ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд. Яке аз намудҳои нодири паррандагон ин ғози ҳиндӣ мебошад, ки барои тухмгузорӣ ба ин мавзеъ парида меояд.

Август 28, 2012 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд