Вохӯрии варзишгарони тоҷик бо ҳамватанон дар Лондон
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова). -Варзишгарони тоҷик баъд аз анҷоми Бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Лондон бо тоҷикони муқими Англия ва ҷавононе, ки дар он ҷо таҳсил мекунанд, вохӯрӣ намудаанд.Тавре ки аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии наздии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин шиносоӣ бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир доир гардид.Шиносоии дастаи олимпичиёни тоҷик бо ҳамватанони муқими ин кишвар дар доираи сӯҳбати озод сурат гирифт, ки барои иштирокдорон хотирмон буд. Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Эркин Қосимов, дорандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпии Лондон Мавзуна Чориева, боксчӣ Анвар Юнусов ва таэквондочиён Алишер Гулов ва Фарҳод Неъматов ширкат варзиданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






