Ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуд

Сентябрь 27, 2012 11:21

Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Дирӯз ноболиғон дар кӯчаи Айнии пойтахт тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, бо санг шишаҳои нақлиёти мусофирбар- троллейбуси рақами 9, рақами давлатиаш 20-52-ро, ки ба самти Обшорон ҳаракат мекард, зада шикастанд.  Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврию ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шоҳмансур бо гумони авбошӣ ноболиғон Ҳамид Сайёдович Иқболов, соли таваллудаш 1998, сокини кӯчаи Бинокорони пойтахт, Давлат Арчабекович Ғиёсов, соли таваллудаш 1995, сокини кӯчаи Будённий, Холов Ҳусейн Нозимович соли таваллудаш 1998, сокини к.Шапкин, ва Фирдавс Файзалиевич Раҳмонов, соли таваллудаш 1995, сокини кӯчаи Будённий дастгир шуданд. Ҳодисаи мазкур тафтиш мешавад.

Сентябрь 27, 2012 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд