Аҳамияти истиқлолият дар истиқрори давлатдории тоҷикон
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — 15 сентябри соли 2012 дар шаҳри Қоҳира бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб ба ифтихори 21-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 20-солагии Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид, ки дар он 200 нафар шаҳрванди муқими Миср даъват карда шуданд. Дар ҷараёни суханрониҳо ба ҳозирин аҳамияти Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати барқарор намудани давлатдории тоҷикон ва моҳияти Иҷлосияи таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун сароғози сулҳу оромии кишвар тавзеҳ дода шуд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Тоҷикистон ба сӯи ояндаи нек қадамҳои устувор мегузорад ва барои татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва ормонҳои рушди кишвар иқдоми лозимӣ меандешад.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






