Анҷумани тақдирсоз

Сентябрь 17, 2012 14:00

Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар»,Фирӯза Давлатова). — 25 октябри соли ҷорӣ дар Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзӯи «Аҳамияти иҷлосияи таърихии 16 Шӯрои Олии Тоҷикистон дар барқарорсозии давлати дунявӣ» баргузор мегардад.  Мавриди зикр аст, ки баргузории ин конфронс дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 20-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҶТ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин ба конфронс мавзӯъҳои – «Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зарурати омӯзиши вижагии ташаккули давлати дунявӣ дар ҶТ», «Хусусиятҳои идеологӣ ва ҳуқуқии низоми сиёсии дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Масъалаи машрӯъияти асли дунявият дар андешаи исломӣ» пешниҳод гардидаанд, ки хоҳишмандон метавонанд дар доираи яке аз мавзӯъҳо сухан гуфта, фишурдаи маърӯзаро бо зикри ному насаб ва ҷойи кор то 15 октябр ба Кумитаи тадорукоти конфронс ирсол намоянд.

Сентябрь 17, 2012 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид