Боздошти собиқ нозири шӯъбаи иҷтимоии ноҳияи Сино
Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар» Сарвинози Рӯҳуллоҳ). – Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар медиҳад, ки Анварбек Юсуфбеков, собиқ нозири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар дар қаллобӣ боздошт шудааст. Ба иттилои манбаъ, А. Юсуфбеков сокини 52-солаи кӯчаи Ломоносови пойтахт буда, ӯ бо роҳи қаллобӣ тасарруф кардани амволи давлатӣ ва ба даст овардани фоидаи муфт дар сохтакории ҳуҷҷатҳо мусоидат намуда, маълумотномаи ҷумҳуриявии комиссияи санҷиши тиббиро аз моҳи июли соли 2000 қалбакӣ тартиб додааст. Вай дар асоси он ба шаҳрванди 61-сола Исломиддин Асоев сокини кӯчаи Ҷ.Расулов, мудири анбори «Тоҷикгидромантаж» нафақаи маъюби гурӯҳи 2-юм таъин кардааст ва дар натиҷаи пардохти нафақаи маъюбӣ аз фонди нафақа ба давлат 154000 сомонӣ зарар расонидааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






