ИДМ мубориза бо ҷинояткориро пурзӯр мекунад
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Рӯзҳои 6-8 сентябри соли 2012 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Зимни баргузории ҷаласа ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилӣ (политсия)-и давлатҳои мазкур ва ҷараёни иҷрои барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Инчунин коркарди лоиҳаҳои «Барномаҳои байнидавлатии мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва пешгирии нашъамандӣ барои солҳои 2014-2018», «Консепсияи ташаккули ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилӣ (политсия)-и кишварҳои узви ИДМ» ва дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ муҳокима гардиданд. Дар ҷаласа ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини аввали вазир Нурулло Орипов роҳбарӣ намуд. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ВКД Маҳмадулло Асадуллоев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






