Иштироки дастаи мунтахаби ҶТ дар бозии байналмилалии теннис
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тенниси рӯи миз дар ҳаштумин бозии байналмилалии ИДМ дар шаҳри Чӯлпон –Атои Қирғизистон иштирок намуд. Дар дастаи мазкур Инъом Саидов, Шӯҳрат Муқимов, Азиза Қориева, Заррина Шарипова, Сумайяи Амирӣ, Ганҷина Раҷабова иштирок намуданд. Дар мусобиқаи инфиродӣ Азиза Каримова ҷои 2-юм ва Заррина Шарипова ҷои 3-юмро ишғол намуданд. Дар мусобиқаи ҷуфти занона Ганҷина Раҷабова ва Заррина Шарипова ҷойҳои 2-юм, Азиза Қориева, Сумайяи Амирӣ ҷои 3-юмро ишғол намуданд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз бахши иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






