Маблағҳои иловагии Бонки ҷаҳонӣ барои лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон
Душанбе, 3 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Бонки ҷаҳонӣ дар бораи ба мавқеи иҷро расидани Созишномаи маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи коҳиш додани талафоти энергетикӣ дар Тоҷикистон хабар дод. Ин ба лоиҳа имкон медиҳад, ки саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои такмили истифодаи маблағ ва устувории бахши энергетика, беҳдошти ҳисоботи даромад аз хизматрасонӣ ҷиҳати интиқоли нерӯи барқ ва таҳқиқи имконоти судури захираҳои нерӯи барқ дастгирӣ карда шавад. Баъди дар ҳаҷми 18 миллион доллари амрикоӣ ба таври илова маблағгузорӣ намудани Бонки ҷаҳонӣ маблағи лоиҳаи коҳиш додани талафоти энергетикӣ 38 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Мақсади лоиҳа коҳиш додани талафи тиҷоратӣ дар бахшҳои нерӯи барқ ва газ мебошад. Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши энергетика 6 лоиҳа дар амал татбиқ мешавад, ки маблағҳои онҳо тайи 10 соли охир 70 миллион долларро ташкил доданд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






