Муҳокимаи масъалаи афзоиши захираҳои табиӣ
Душанбе, 27 сентябр.(АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Салимов бо ҳайати коршиносони Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ аз рӯи масъалаи рушди ҳамкории давлатию инфиродӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили ҷалби сармояи шахсӣ ба афзоиши захираҳои табиии Тоҷикистон, аз ҷумла захираҳои ҷангал, ҳамчунин омӯзиши соҳаҳои дигаре ки дар онҳо имконияти татбиқ намудани лоиҳаҳои таҷрибавӣ вуҷуд дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






