Мулоқоти Э. Раҳмон бо Губернатори иёлaти Гоа Бҳарат Вир Ванчу
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон аз иёлати Гоаи ин давлат оғоз ёфт.Дар ин ҷо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти баланд ва меҳмоннавозии хоса истиқбол гирифтанд.Зимни мулоқот бо Губернатори иёлати Гоа Бҳарат Вир Ванчу масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи Ҳиндустон, ки дар қисмати ҷанубу ғарбии он қарор дорад, баррасӣ шуд.Бо ишора ба пайвандҳои амиқи фарҳангӣ ва ҳамрешагии забонҳои тоҷикию ҳиндӣ ва ҳамчунин имкону захираҳои фаровони ташкил ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ҳарду ҷониб ба тавсиаи робитаҳои судбахш изҳори ҳавасмандӣ карданд.Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, парвариш ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ, бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ, табодули таҷриба дар соҳаи ҷаҳонгардӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои пайвастаи илмию фарҳангӣ зоҳир карда шуд.Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






