Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар»,)- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Муовини парлумонии вазири корҳои хориҷии Япония Казуюки Хамадаро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи судманди ду кишвар баррасӣ шуд.Ҳарду ҷониб аз татбиқи босамари лоиҳаҳои сершумори гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва нақлиётию роҳсозӣ дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои густариши робитаҳо, хусусан робитаҳои иқтисодию сармоягузорӣ дар бахшҳои энергетика, истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ, ҳанӯз хеле зиёданд.Ба гуфти Казуюки Хамада, кишвари ӯ дар доираи Гуфтугӯи «Осиёи Марказӣ+Япония» иштироки худро дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии дорои аҳамияти минтақавӣ дар бахшҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, пайвастани шабакаҳои барқию нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистону Покистон ва дигар давлатҳои Осиёи Ҷанубӣ тавсиа мебахшад.Баррасии авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, барқарорсозии ҳаёти осоишта дар ин кишвар, пеш аз ҳама аз тариқи татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд.Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба масоили байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули назар карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






