Низоми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат

Сентябрь 14, 2012 16:03

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини вазир Латофат Шарипова семинари омӯзишӣ бо кормандону мутахассисони маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар мавзӯи «Татбиқи низоми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат» баргузор гардид.  Дар семинар намояндагони шаҳру ноҳияҳое, ки барои ҷорӣ намудани низоми нави таҷрибавӣ интихоб гардидаанд, ширкат варзиданд. Дар назар аст, ки лоиҳаи таҷрибавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд, Қӯрғонтеппа, Норак, Фархору Ёвони вилояти Хатлон, Шуғнони ВМКБ ва ноҳияҳои Ҳисору Файзобод татбиқ гардад.Ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат қаблан бо дастгирии молию техникии Созмони Аврупо, ҳамчун пилотӣ, дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон амалӣ гардида, татбиқкунандагон ба натоиҷи хуб ноил шуданд ва ин иқдомро дар даҳ шаҳру навоҳии дигари ҷумҳурӣ давом хоҳанд дод. Тибқи иттилои котиботи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин аз қадамҳои аввалини раванди ислоҳоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор рафта, тавассути Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад.Ҷиҳати идома додани ислоҳот ва тадриҷан васеъ намудани минтақа ва шумораи истифодабарандагони кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ дар сурати зарурати дастгирии молиявию техникӣ Бонки ҷаҳонӣ тавассути грант кӯмак менамояд. Бо ин мақсад дар назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Лоиҳаи кӯмаки фаврӣ ба соҳаи иҷтимоӣ» таъсис шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии ин лоиҳа рушд ва таҳкими нерӯи кории ВИҲИА ҶТ ва сохторҳои тобеи он бо роҳи гузаронидани чорабиниҳои омӯзишии мутахассисони сатҳи марказӣ ва маҳаллии соҳа ва ҳамчунин кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ки дар радифи татбиқи ислоҳот ва ҷорӣ намудани низоми нави кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар саросари мамлакат ҷалб мешаванд ё ҳисса мегузоранд, ба ҳисоб меравад. Татбиқи нақша ва дигар чорабиниҳои лоиҳа омӯзиши кормандонро дар 3 самт фаро мегирад: -омӯзиш дар бахши «Баҳисобгирии муҳосибот, ҳисоботи молиявӣ, оморӣ ва аудит»;-омӯзиш дар бахши «Асосҳои донишомӯзии компютерӣ»;-омӯзиш дар бахши «Барномаи компютерии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ».Дар натиҷаи татбиқи амалии лоиҳа сатҳи донишу малакаҳои кории мутахассисон баланд, заминаи моддию техникии сохторҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин мешаванд ва ниёзмандон соҳиби кӯмакҳои иҷтимоии унвонӣ мегарданд.

Сентябрь 14, 2012 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд