Номаи бетаҳрир

Сентябрь 26, 2012 09:54

Даври навбатии Зоиров дар гирди мизи мудавварДушанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Худованд ҳар бандаи худро аз лиҳози илму маърифат ва касбу ҳунар ба самте мойил офарида, ба ў истеъдоду маҳорат бахшидааст. Якеро олимиву дигареро наққошӣ ато карда, ба бандаи дигар табъи шоирӣ додааст. Истифодаи истеъдоди худододӣ ба ақлу заковати ҳар як инсон марбут аст, агар онро оқилона истифода барад, Эзиди муттаол ба ў баракат бахшад, вале агар сарфи ниятҳои ғаразноку нафсонӣ кунад, аз он хайре набинад. Чунин як рафтори номуайяну чашмзада ва такрориро дар роҳбари Ҳизби сотсиат-демократҳо Раҳматилло Зоиров мебинам. Ба ақидаи равшанфикрон, бахусус ҳуқуқдонони кишвар, ў яке аз босаводтарин фарди кишвар дар риштаи ҳуқуқ мебошад, вале аксарият дар симои ў бештар як роҳбари ҳизберо мешиносанд, ки аз тамоми бурду бохти кишвар изҳори норизоятӣ мекунад. Фикрҳои зидду нақиси ўро мумкин аст ҳар замон нисбати масоили гуногун шунид. Боре ҳам қаноатмандии Зоировро касе надидаву нашунидааст. Ташкили гирдиҳамоиҳо, ибрози баёнияҳо, ҳушдору эътирозҳо аз машғулияти асосии ўву ҳаммаслаконаш ба шумор меравад. Мақсади асосии ҳама талошҳои ў дар гузаронидани ҳамоиши намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ҳуқуқдонҳои Тоҷикистон барои баррасии ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, ки гаштаю баргашта оид ба беғаразии худ иброз мекунад, рўирост аз вазифаталабии ў шаҳодат медиҳад. Пўшида нест, ки замоне Зоиров соҳиби мансаб низ буд, вале то ба имрўз касе аз муваффақиятҳо ва саҳми гузоштааш дар он вазифа сухан намегўяд. Зеро ҳамчун соҳибмансаб номбурда ба чизе ноил нагардид… Акнун, ки ба гуфтаи худи ў ҳамоиши дарназардоштааш ба бунбастҳо бархўрд намуд, ин чорабинии ҷиддиро дар манзилаш гузаронидааст. Аҷаб иқдоме. Чорабинии сиёсиро мисли «Мушкилкушо» ё «Бибисешанбегӣ» ва ё маъракаи «Мавлуд» дар манзил ҳам гузаронида мешудааст. Ҳол он ки дар ин хусус гуфта буд: «Се маротиба ҳаракат карда будем, ки мизи гирд на дар қароргоҳи ҲНИТ ё ҲУСДТ, балки дар ҷои ҷамъиятӣ баргузор гардад». Яъне имрўз Зоиров то ҳадде «сиёсӣ» шудааст, ки манзили ў ба назараш чун ҷои ҷамъиятӣ қабул мешавад. Дар ин масъала ман ба фикри муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков пурра мувофиқам. Гузаронидани ҳамчунин маъракаҳо «дўкони хусусӣ нест!». Оид ба гузаронидани чорабиниҳои марбут ба интихобот Зоиров, ки солиёни зиёде омодагӣ мегирад, худи ў чунин баён кардааст: «Қонун бояд ба дараҷае такмил ёбад, ки барои як интихоботи одилона, шаффоф ва беғараз замина пайдо шавад..», яъне гуфтанӣ аст, ки ў танҳо як шахси беғаразест, ки аҳли ҷомеаро, новобаста ба қишру табақаҳо, мехоҳад аз лиҳози иштирок дар интихобот саводнок гардонад. Дар чунин шароите, ки тамоми шаҳрвандон аз воситаҳои техникаи муосир муҷаҳҳазанд, магар барои вақти ҷудогона сарф кардан дар чунин маъракаҳои «ҷамъиятӣ» ҳоҷате мондааст? Ва ё Зоиров суханони чанд сол қабл гуфтаашро дар хусуси интихобот аз ёд бурдааст: «Ҳар як чорабиние, ки аз тарафи аҳзоби сиёсӣ дар арафаи интихобот гузаронида мешавад, қисмате аз муборизаи он ҳизб баҳри мавқеияти худ қабл аз интихоб маҳсуб мешавад». Бинобар ин ҳам ҳар чорабиние, ки мегузаронад, ҳоҷати шарҳу тафсири алоҳида ва баёни ҳадафу мақсадҳои мушаххасеро надорад. Тамоми талошҳо омада-омада дар як нуқта ҷамъбаст мегарданд – соҳиби вазифаи баланд шудан. Чун дар боло гуфтем, ки Худованд барои ҳар банда мавқеи муайянеро пешбинӣ кардааст, яқин аст, ки Зоиров ҷойи худро дар сиёсат гирифта натавонистааст. Нуқтаи назарҳои ў, пешгўиву хулосаҳои ў дар мавриди тамоми масъалаҳои сиёсию иҷтимоӣ дигар ба завқи ҳамагон рост намеояд, зеро аксарияти онҳо мамлўъ аз шикояту эътироз аст, онҳо беғаразона ва мунсифона баён нашудаанд. Зоиров фаромўш кардааст, ки он маҳбубияте, ки ў то ба имрўз дар байни шогирдонаш дорад, танҳо ба хотири донишҳои ҳуқуқии ўст, ки ба донишҷўён омўхтааст. Месазад, ки «устод» ба маҷрои тахассуси аслии худ равона гашта, самтҳои берунаро канор гузорад. Зеро дар гирди мизи мудаввар давр задан маъно надорад. С. Салимов — ҷомеашинос

Сентябрь 26, 2012 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад