Норвегия ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ниёз дорад
Душанбе, 7 сентябр.(АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- Чанде пеш дар шаҳри Душанбе мулоқоти муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Лариса Кислякова ва мушовирони маъмурияти оид ба масоили гумрукӣ ва андози ғайримустақими Раёсати умури гумрукии Норвегия Лейф-Отар Петтерсен ва Ҳелге Линдруп баргузор гардид. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Лариса Кислякова дар ҷараёни мулоқот зикр намуд, ки низоми имтиёзоти Норвегия метавонад дастраси аҳли саноату тиҷорати Тоҷикистон гардад ва бозори Норвегияро ба рӯи истеҳсолкунандагони кишвар боз кунад. Намояндаи Норвегия Лейф-Отар Петтерсен дар навбати худ иброз дошт, ки Норвегия ба маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла ба меваи хушк, чормағз ва сабзавоти гуногуни ин диёр ниёз дорад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






