Севастопол истиқлолияти Тоҷикистонро ҷашн мегирад
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Севастополи Қрим омодагӣ ба ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон, ки ба 9-уми сентябр рост меояд, оғоз гардид. Чунон ки раиси ҷамъияти тоҷикони Ҷумҳурии Худмухтори Қрим Ҷӯрабек Набиев изҳор дошт, ҳамдиёрони севастополӣ ва кримии мо ҷашни истиқлоли Тоҷикистони азизро бо муҳаббати хосса таҷлил менамоянд. Дар он рӯз дар маркази шаҳри қаҳрамони Севастопол намоиши китобҳо аз осори нависандагони форсу тоҷик пешкаши хонандагон ва меҳмонон гардида, инчунин ҳунармандони Қрим бо роҳбарии Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Элзара Асанова ва ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ислом Камолов бо рақсу таронаҳои тоҷикӣ хотири меҳмононро шод мегардонанд.Ба чорабинӣ меҳмонон аз дигар гӯшаю канори Украина, инчунин намояндагони ҳукуматҳои шаҳрию вилоятӣ, намояндаи Сафорати ҶТ дар Украина, намояндагони ҷамъиятҳои гуногуни Крим ва Украина, намояндагони ҷамъиятҳои дигар халқҳою миллатҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ даъват шудаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






