Тамоили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва пулӣ
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Вазъи иқтисодиёти кишвар дар ҳашт моҳи соли 2012 бо афзоиши мӯътадили истеҳсолот ва пешниҳоди молу маҳсулоти ватанӣ беҳбуд меёбад. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳаҷми ММД ба 20,4 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 7,5 фоизро ташкил намуд. Аз ҷумла, вусъати бахши гардиши савдои чакана 18,9 фоиз, хизматрасонӣ 14,0 фоиз, саноат 11,7 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10,2 фоиз афзуд. Аз рӯи иттилои манбаъ, сатҳи таваррум дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 4,2 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 банди фоизӣ кам аст. Асосан он аз ҳисоби болоравии нархи хизматрасонии пулакӣ 13,7 фоиз, маҳсулоти ғайриозуқа 4,5 фоиз ва маҳсулоти озуқа 2,0 фоиз ба вуқӯъ омад. Аз рӯи таҳлилҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли равон сатҳи таварруми аслӣ 1,8 фоизро ташкил дод. Татбиқи мутавозунии сиёсати пулию қарзӣ тайи ду соли охир дар доираи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати пулию қарзӣ» ба роҳ монда шуда, баҳри нигоҳ доштани сатҳи мӯътадили нархҳо, таъмини фаъолияти устувории низоми бонкии кишвар ва дар сатҳи барномавӣ нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои пулӣ равона гардид. Дар ҳашт моҳи соли 2012 вобаста ба паст гардидани фишорҳои таваррумӣ, меъёри бозтамвил аз 9,8 то 6,5 фоизи солона паст карда шуд. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бо назардошти таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт барои пасандозҳо бо пули миллӣ 2,0 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шуда, мутаносибан дар саҳи 5,0 ва 8,0 фоизи солона муқаррар гардид. Дар натиҷаи сари вақт анҷом додани амалиёт бо истифода аз фишангҳои пулию қарзӣ ҳаҷми пулҳои захиравӣ, ки аз нишондиҳандаҳои асосии барномавӣ ба ҳисоб мераванд, тайи солҳои 2011 – 2012 мунтазам афзоиш ёфта, то якуми августи соли равон маблағи он 3 млрд. 836,2 млн. сомониро ташкил дод ва нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 14,2 фоиз афзоиш ёфт. Ин афзоиш аз таҳкими устувории низоми бонкӣ гувоҳӣ медиҳад. Нишондиҳандаҳои асосии пулӣ, ки тибқи «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати молиявию иқтисодӣ» дар доираи барнома нигоҳ дошта мешаванд, ба монанди захираҳои софи байналмилалӣ, дороиҳои умумии хориҷӣ ва дороиҳои софи дохилӣ мунтазам афзоиш ёфта, дар моҳи июли соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2011 захираҳои софи байналмилалӣ 31,4 фоиз, дороиҳои умумии хориҷӣ 34,1 фоиз ва дороиҳои софи дохилӣ 30,0 фоиз афзуданд. Таъмини босамари гардиши пул, ки вобаста ба талаботи иқтисодиёт амалӣ мегардад, дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ аҳамияти беандоза дорад. Дар ин раванд барориши пули нақд бо назардошти афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дигар нишондиҳандаҳои бахши воқеӣ сурат мегирад.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Оид ба таъсири омилҳои антропогенӣ ба ҳавзаи дарёи Сурхоб дар шароити тағйирёбии иқлим машварат баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо соҳибкорони «Бозори Корвон» вохӯрӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Айнӣ кишти помидор бо усули обёрии қатрагӣ ба роҳ монда мешавад
Дар ноҳияи Шуғнон дар масоҳати 10 гектар боғи нави дарахтони себу зардолу бунёд гардид
«МегаФон Life»: сармоягузориро мустақиман тариқи смартфон анҷом диҳед
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ масъалаи баланд бардоштани сифати корҳои илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Донишҷӯи тоҷик дар чорабинии байналмилалии UNESCO × Nestlé Global Youth Grant Scheme иштирок менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Фестивали байналмилалии «Дарҳои кушод-2026» дар Ҷопон гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






