Тантанаҳои марказӣ бахшида ба солгарди 21-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар»).-Тантанаҳои марказии бахшида ба солгарди 21-уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе баргузор гардид.Зимни суханронии кӯтоҳу пурмуҳтавои худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Истиқлоли давлатиро дастоварди беҳтарини миллати тоҷик дар таърихи муосири Тоҷикистон ва арзишмандтарини ҷашнҳои умумимиллии кишвар арзёбӣ намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз арзишҳои волои истиқлолият, давлатдории мустақилли миллӣ ва рушди худшиносию худогоҳии мардуми сарфарози тоҷик ёдовар шуда, ҳамагонро ба пойдору устувор гардондани дастовардҳои давлату миллат дар зарфи 21 соли рушди мустақилли Тоҷикистони азиз, ҳифзи оромию субот дар ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва тарғибу ташвиқи ҳаёти озоду пурсаодат ҳидоят намуд.Тантанаҳои идонаи бахшида ба солгарди 21-уми Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз бо намоиши пуршукӯҳи театрикунондашуда ва базми суруду мусиқии аҳли фарҳангу санъат ва шодию сарфарозии намояндагони сершумори тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар идома ёфт.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






