Варзишгоҳи марказӣ: футбол зери чароғҳои фурӯзон
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев) –Мухлисони бозии футболи мамлакат ёд надоранд, ки кай ва дар кадом сол бозии футболро дар майдони марказии пойтахт дар дили шаб зери нурафшонии чароғҳои варзишгоҳ тамошо карда бошанд. Дар бораи ин масъала ҳарф задан дар кишварҳои мутараққӣ номумкин аст, зеро 90 дар сади мусобиқоти футбол баъди шом баргузор мешавад ва мардум баъди кор ба варзишгоҳҳои рӯшан барои тамошо меоянд. Тоҷикистон, ки алҳол чанд варзишгоҳи ба талабот ҷавобгӯ дорад, дар ин масъала танқисӣ мекашад. Ба пешвози бозиҳои ниҳоии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз 24 то 30-юми сентябр дар шахри Душанбе мегузаранд, варзишгоҳи марказиро бо чароғҳои муосир муҷаҳҳаз карданд ва шоми имрӯз дар соати 19 бо баргузории бозии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои «Энергетик» ва «Истиқлол» он санҷида мешавад. Бино ба хабари расида 1200 чароғи баландсифати олмонӣ ва ҷавобгӯи стандарти охирини ҷаҳонӣ майдонро ба дараҷаи олӣ равшан хоҳанд кард. Пештар дар варзишгоҳ ҳамагӣ 500 чароғ насб шуда буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






