Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси Вена
Душанбе, 1 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр ). – Чанде пеш дар шаҳри Вена Конфронси вазоратии «Қафқоз ва Осиёи Марказӣ — густариши устувор дар замони ситезаҷӯйиҳои ҷаҳонии иқтисодӣ» баргузор гардид. Конфронсро Вазорати федералии иқтисод, оила ва ҷавонони Австрия доир намуд. Ҳайати Тоҷикистон иборат аз муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев ва намояндаи доимӣ дар назди САҲА СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ дар Вена Исматулло Нариддинов буд. Тавре ки дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АМИТ «Ховар» хабар доданд, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Саидраҳмон Назриев дар ҷаласаи якуми конфронс суханронӣ карда, ба ҳозирон аз дастовардҳои иқтисодии кишвар, вазъияти тиҷорат ва дурнамои ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупо, аз ҷумла бо Австрия, иттилоъ дод.Саидраҳмон Назриев дар ҷараёни конфронс бо вазири иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон М.Ҷанелидзе мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷонибаи иқтисодиро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҳайати Тоҷикистон дар ҳошияи конфронс бо муовини директори генералии бахши савдои Комиссияи аврупоӣ Питер Балаш сӯҳбат намуд. Дар ҷараёни сӯҳбат масоили мулоқоти пешорӯи намояндагони Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар доираи Созишномаи мушорикату ҳамкорӣ, ки бояд моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Брюссел баргузор гардад, муҳокима шуданд.








ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






